Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Суди конститутсионӣ
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли 2015 Суди конститутсионӣ дар асоси дархости субъектҳои ҳуқуқ бо мақсади муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ парвандаро баррасӣ карда, нисбат ба онҳо қарор ва таъйиноти дахлдори судӣ қабул намуд.
Суди конститутсионӣ дар доираи салоҳияти конститутсионии худ бо мақсади муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ба Конститутсия, 70 санади меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мавриди омӯзиш қарор дода, диққати масъулинро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуд. Дар асоси пешниҳоди Суди конститутсионӣ камбудиҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойдошта бартараф шуданд.
Дар соли 2015 ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 300 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз тариқи шифоҳию хаттӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки ин муроҷиатҳо тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба истиснои муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионӣ, инчунин 2450 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мактубу дигар ҳуҷҷатҳо ворид шуданд, ки вобаста ба хусусияташон нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
Аз ҷониби Суди конститутсионӣ ба мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 655 мактуб оид ба масъалаҳои дахлдор ирсол шудааст.
Дар ин сол тавассути почтаи электронӣ ба Суди конститутсионӣ 1030 мактуб ворид шуда, 490 мактуб ба дохил ва хориҷи кишвар ирсол гардиданд.
Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, роҳбарон ва намояндагони мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ — кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид, ки ин аз мавқеи намоёни ин мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар ин чорабинии сатҳи байнамилалӣ оид ба суннатҳои давлату давлатдории тоҷикон, Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ, қабули Конститутсия дар асоси меъёр ва принсипҳои умумиэътирофшудаи ҷомеаи башарӣ ва назаррас арзёбӣ намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба иштирокдорони конфронс як ҷаҳон таассуроти тоза бахшид.
Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ вобаста ба мавзӯъҳои дар он матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои конфронси душанбегӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ қабул гардиданд, ки онҳо дар ташаккули фаъолияти минбаъдаи мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат хоҳанд кард.
Натиҷаи баргузории Конфронси байналмилалӣ дар шакли китоби алоҳида «Маводи конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ — кафолати таъмини волоияти Консти¬тутсия» рӯи чоп оварда шуда, суханронии Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо се забон ва маърӯзаҳои дигар иштирокдорони конфронсро дар бар мегирад.
Ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ китоби ҷашнӣ: «Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 20 соли рушд ва таҳким» бо се забон рӯи чоп оварда шуд, ки дар он иттилооти дахлдор оид ба таърихи таъсиси Суди конститутсионӣ, ҳайат, фаъолият, ҳамкории байналмилалӣ ва нақши санадҳои судӣ дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ инъикос гардидааст.
Китобҳои «Маҷмӯаи қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996-2015» ва «Маҷмӯаи таъйиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996-2015» бо ду забон нашр шуданд, ки дар он санадҳои судӣ, ки аз давраи таъсис то ба имрӯз қабул гардидаанд, гирд оварда шуданд.
Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи конститутсионии Ҷумҳурии Қирғизистон зимни ташрифи раиси Палатаи конститутсионии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин санад барои густариши ҳамкорӣ байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Бо мақсади иштирок ва маърӯза дар чорабиниҳои мухталифи мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ намояндагони Суди конститутсионӣ ба ҷумҳуриҳои Арманистон, Индонезия, Қазоқистон, Туркия, Узбекистон, Фаронса, Чин ва Швейтсария сафари корӣ анҷом доданд.
Мақолаҳои зиёди судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии Суди конститутсионӣ, солгарди қабули Конститутсияи ҶТ ва дигар мавзӯъҳои муҳим дар рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар ва хориҷ аз он рӯи чоп оварда шуданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия ва фаҳмондадиҳии нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия миёни аҳолии кишвар, ки иқдоми ҳамешагии Суди конститутсионӣ мебошад, намояндагони Суди конститутсионӣ дар конфронсҳои зиёди илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Қурғонтеппа, Сарбанд, Турсунзода, Хоруғ, ноҳияҳои Бохтар, Варзоб, Вахш, Роштқалъа, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ҷ. Румӣ ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо ташаббуси Суди конститутсионӣ 1-2 декабри соли 2015 дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади ба субъектҳои ҳуқуқ фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тартиби муроҷиат ба Суди конститутсионӣ мизҳои мудаввар доир гардиданд. Дар кори онҳо раисон ва судяҳои суди вилояти Хатлон, шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Ҷалолиддини Румӣ, Шӯрообод, намояндагони раёсати Шӯрои адлия дар вилояти Хатлон, раёсати адлияи Вазорати адлия дар вилояти Хатлон, судиҷрочиён, адвокатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб иштирок намуданд.
Соли ҷорӣ сомонаи Суди конститутсионӣ фаъол буда, шаҳрвандони зиёд аз ахборе, ки дар он бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ паҳлуҳои муҳими фаъолияти Суди конститутсионӣ инъикос шудаанд, ба тавре васеъ истифода бурданд. То ба имрӯз зиёда аз 150 000 нафар шаҳрванд бо сомонаи Суди конститутсионӣ шиносоӣ пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда истифода намудаанд.
Фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ дар соли 2015 ба он мусоидат кард, ки ин мақомот барои таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, роҳу усулҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷи кишвар муайян намуд.