Никоҳ барпо кардан ба хотири ҳавою ҳавас нест

Декабрь 3, 2015 09:46

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Аз нигоҳи Қуръон яке аз вазифаҳои асосии пайрави ислом будан ин никоҳ барпо кардан аст. Никоҳ барпо кардан на ба хотири ҳавою ҳавас, балки ба хотири идома додани насли солими инсон аст. Вақте ки зану мард иқдом мекунанд, ки оила барпо кунанд, бояд дар зеҳни онҳо фикре бошад, ки онҳо ҳатман фарзанд дошта бошанд»,- гуфт директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло имрӯз дар конфронси илмӣ- амалӣ бахшида ба Соли 2015- соли  оила, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит баргузор гардид. 
Ҳамчунин дар конфронс зикр гардид, ки оилаи солим афроди солиму коромадеро ба ҷомеа пешкаш мекунад, вале оилаи носолим афроди носолим ва ҷинояткору мушкилофарро. Рӯйдодҳои хонаводагӣ дар сарнавишти афрод таъсири зиёд расонида метавонанд, робитаҳои нохушоянди волидайн, талоқ ва парокандашавии аъзои оила мушкилоти зиёде барои афроди ҷомеа ва махсусан фарзандон эҷод мекунанд.

 

Декабрь 3, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ