Норак: андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ иҷро нагардид
Норак, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии маблағи андозҳо 130 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 16,6 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда, 21,6 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 4,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Гарчанде нақшаи қисми даромади буҷет иҷро гардид, вале як намуди андоз пурра иҷро нагардид, ки ин андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ буда, он 71,13 фоиз иҷро шуд ё ин ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 5,3 млн сомонӣ кам маблағ ба буҷет ворид гардид.
Қисми хароҷоти буҷет аз рўи нақшаи пешбинишуда 92,6 фоиз таъмин шуд.
Қарздорӣ аз андозҳо ҳамагӣ то 1 сентябри соли 2015 382,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба аввали сол 80,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Қарзи андози иҷтимоӣ аз ин шумора 118,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Новобаста аз корҳои ба анҷомрасида сардорони нозироти андоз ва Раёсати молияи шаҳрро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини саривақтии иҷрои намудҳои андоз, пешгирии афзоиши бақияпулиҳо ва назорати истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






