«Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-қолабро бояд шикаст

Декабрь 5, 2015 05:02

Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар барномаи таълимии мактаби миёна омўзиши қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳои мошингард рўз аз рўз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Солҳои пеш барои гузаронидани дарсҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» соатҳои алоҳида пешбинӣ шуда буданд ва маблағгузорӣ мегардиданд. Аз чӣ сабаб бошад, ки имрўз ба ин масъала аҳамияти зарурӣ дода намешавад. «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» танҳо дар синфҳои 1-7 дар ҳаҷми 17 соат дар соатҳои тарбиявӣ аз тарафи роҳбарони синфҳо гузаронида мешаванд, ки  дар шароити имрўза қонеъкунанда нестанд. Озмунҳое, ки имрўз мақомоти вилоятиву минтақавии БДА дар маҳалҳо бо номи «Чароғаки роҳнамо» мегузаронанд, самараи хуб намебахшанд, чунки дар онҳо ҳавасмандгардонии муаллимони дарсдиҳанда пешбинӣ нагардидааст. Шартҳои озмун аз  «Саломнома», намоиши саҳначаҳо, муошират, саволу ҷавоб байни дастаҳо ва ҷавоби дастаҳо ба саволҳои тамошобин иборатанд, киин қолаби куҳна аст.
«Агар  мақомоти  БДА — и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барои таълими «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард» маблағҳои муайян ҷудо мекарду дарсҳоро кормандон, мутахассисони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё муаллимони ихтисосманд мегузарониданд, натиҷаҳо самарабахш мешуданд. Дар баробари омўзонидани «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ба хонандагон фаҳмонидани татбиқи чораҳое, ки барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, аҳамияти калон дорад, чунки кўдак агар нафаҳмад, ки барои вайрон кардани қоидаҳо одамон низ ҷазо мегиранд, дарсро сатҳӣ мепиндорад»,- мегӯяд Р. Кокулов, директори мактаби № 54, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
Ҳодисаҳои нохуше, ки ҳар рўз дар роҳҳои мошингард ҳангоми роҳро убур кардани кўдакон ва бозии онҳо дар роҳҳо рух медиҳанд, бозгўи ин маъниянд.
Таълими «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қолабшиканиро интизор аст.

 

Декабрь 5, 2015 05:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд