“Оила-макони меҳру муҳаббат” — маҳфил дар Коллеҷи тиббии Хуҷанд

Декабрь 8, 2015 10:54

        Хуҷанд,  8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи иқдоми “16 рӯз — бар зидди хушунат” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф бо иштироки шахсони масъули мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ   мулоқот бо аҳолӣ ҷараён доранд. Чунин як чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ  таҳти унвони “Оила — макони меҳру муҳаббат”  дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд низ доир гашт. 
       Тавре  ки ба АМИТ “Ховар” аз  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз сад донишҷӯю фаъолзанҳо ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ мулоқоти муфид баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, ҷалби диққати ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занон ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо ва мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон буд.
       Зимни чорабинӣ масъулин аз Раёсати кор бо занони макомоти вилоятӣ, шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Суғд ва  донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ доир ба оиладорӣ, пойдории он, зӯроварӣ, ки яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб рафта, мутаассифона, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ба ин амали нангин дар оила аксаран занон дучор меоянд  ва ҳамзамон оид ба пешгирии ин падидаи нохуш сухан гуфтанд. 

 

 

Декабрь 8, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд