Ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ташвишовар аст
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯзҳо дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз беаҳамиятии ронандаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ танбашавии зиёди нақлиёт ба чашм мерасад. Мисоли инро метавон ҳар рӯз дар маҳаллаи «Гипрозем»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушоҳида кард. Масъулин ҳарчанд аз ин камбудиҳо огаҳ бошанд ҳам, ҳанўз ҳам барои бартараф намудани он тадбирҳои зарурӣ наандешидаанд. Ҳол он ки дар фасли сармо барои рафтуомади мусофирон фурсат кам аст.
Танбашавии мошинҳо боис гаштааст, ки на донишҷўён сари вақт ба дарсҳо ҳозир шуда метавонанду на кормандони дигар сохторҳо дар вақти зарурӣ ба коргоҳ мерасанд.
Ҳарчанд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани танбашавии мошинҳо соати дарсии донишҷӯёни басти якуми донишгоҳҳоро соати 7:30 муайян кард, мутаассифона, ҳанўз ҳам ин мушкилӣ ҳалли худро наёфтааст.
Коршиносон як сабаби ин мушкилиро дар бемасъулиятии кормандони соҳаи нақлиёт арзёбӣ мекунанд.
Тавре ки сокини пойтахт Абдухалили Абдусамад мегўяд, бидуни ягон монеа имрӯзҳо ронандаҳои хатсайрҳои мусофиркашонӣ на аз истгоҳ, балки куҷое барояшон қулай бошад, мусофиронро савор мекунанд.
— Ин гуна беаҳамиятӣ боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва ба вуҷуд омадани танбашавӣ мегардад, — афзуд Абдухалил.
Ҳамин тавр танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе, хусусан маҳалаи Гипроземи пойтахт ҳамарӯза мушоҳида мешавад.
Аҳмаднабӣ, сокини маҳаллаи «Гипрозем» сабаби асосии танбашавӣ дар маҳаллаи «Гипрозем»-ро, пеш аз ҳама, дар он медонад, ки: «Бозори Деҳқон» ва «Сомон» дар ин маҳал ҷойгир шудаанд ва ҳамеша сокинони пойтахт пеш аз кор рафтан, яъне аз соати 5-8 субҳ, барои харидории маводи ғизоӣ омада, пас аз харидорӣ намудан тавассути аробаҳо ба роҳ мебароянд, ки ин боиси танбашавии нақлиёт дар роҳ мегардад.
Далели дигари онро Аҳмад дар зиёд будани мошинҳои калони боркаш, ки аз манотиқи кишвар вориди ин бозор мегарданд ва ба рафтуомади мусофирон ва нақлиёти мусофиркаш халал мерасонад, мебинад.
Коршинос Ато Мирзо роҳи ҳалли ин мушкилотро дар он мебинад, ки рафту омади мошинҳои калони боркаше, ки аз қаламрави ҷумҳурӣ вориди пойтахт мегарданд, дар соатҳои муайян гузошта шавад.
-Масалан, аз соати 22- и шаб то 5-и субҳ, ки дар ин вақт гаштугузори мусофирону нақлиёти мусофиркаш кам мебошад, бояд воридоти мошинҳо аз манотиқи гуногун ба роҳ монда шавад. Шояд, ки ин гуна пешниҳод барои пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт мусоидат кунад, — меафзояд коршиноси ин соҳа.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






