Ошкорнамоӣ ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар Суғд
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд роҳи воридот ва паҳн гардидани маводи пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Чунончӣ, дар роҳи мошингарди самти «Хуҷанд-Конибодом» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сокини шаҳри Конибодом «М.М» боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ ба миқдори умумии 1 ҳазору 120 адад маводи гуногуни тарфгарӣ бо навиштаҷоти «ТРЕНИЯ», «Петарды Черная смерть», «Салют.16В», «Дракон Х081А», «Выстрелов салют Х087», «Терминатор» дарёфт шуд. Маводи мазкурро номбурда аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон харида, мехост ба шаҳри Конибодом интиқол диҳад. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «Ҳ.Қ.» боздошта шуда, зимни азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ дар дохили 2 қуттии картонии калон ба миқдори умумии 1 ҳазору 100 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шуд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «С.Б.» соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Конибодом боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ 2 қуттии калони картонӣ ба миқдори умумии 1 ҳазору 72 адад маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти дарёфт шуд. Дар дидбонгоҳи бозрасии автомобилӣ, воқеъ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «Қ.А.» соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, боздошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи шахси номбурда ба миқдори умумии 6 ҳазору 600 дона маводи тарфгарӣ дар дохили 15 баста дарёфт карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт дар роҳи мошингарди самти Конибодом-Хуҷанд мошини тамғаи «Опел- Земфира» таҳти идораи шаҳрванд «М.З.» барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд. Дар ҷараёни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур аз дохили 48 қуттии калони картонӣ ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шуд. Ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Усмонов Икромбек, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, охирон ин миқдор маводро аз як шаҳрванди Қирғизистон ба ҷои қарзаш гирифта, мехост ба шаҳри Хуҷанд бурда, фурӯшад. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 199 эзоҳи 1, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.
Бояд гуфт, ки дар давраи пешазсолинавӣ кормандони гумрук дар вилояти Суғд ба миқдори умумии 155 ҳазору 374 адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) ва 57 адад оташфаввора дарёфт ва мусодира кардаанд.
Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 1997 «Оид ба манъи интиқоли маҳсулоти тарфгарӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истеҳсол, хуриду фурӯш ва нигаҳдориии маводи тарфгарӣ манъ карда шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






