Паланг «Амур» бо буз «Темур» дӯст шуданд
Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Паланг Амур бо бузе бо номи Темур, ки ба ӯ барои хӯрдан оварда буданд, дӯст шуд.
Буз барои зиндагӣ бо ин дарранда ва ҳифзи ҳуқуқҳои хеш пофишорӣ мекунад. Палангу буз чанд рӯз аст, ки якҷоя зиндагӣ доранд. Ҳатто буз Амурро, ки дар “Китоби Сурх” сабт шудааст, аз ҷои хоб берун кард.
Дар аксе, ки маъмурияти боғи Сафари гирифтаанд, буз хобгоҳи даррандаро аз худ кардаасту паланг маҷбуран бомро макони хоб қарор додааст.
«Мо дар давоми сол ду бор дар як ҳафта ба палангон тӯъмаи зинда медиҳем. Паланг Амур, ки борҳо бузғолаву бузҳои калонро кушта буд, ин дафъа бо эҳтиёт ба ин тӯъмааш муносибат кард. Ин буз хеле ҷасур буда, ба ҳар ҳуҷуми Амур шохҳояшро нишон дода, ҷавобан ҳамла мекард. Паланги эҳтиёткорро ин кори буз ба изтироб овард ва нахост дигар бо бузи якрав сар ба сар шавад ва аз баҳраш гузашт”,-иқтибос овардааст директори боғ Дмитрий Мезентсев.
Барои шуҷоат ва ҷасорат кормандони боғ бузро Темур ном ниҳоданд. Ҳайвонҳо рӯзона дар қафас ҳамроҳ гаштугузор мекунанд. Ба андешаи кормандони боғи Сафари буз палангро чун сардори рамаи худ қабул намуда, дар ҳама ҷо аз пасаш меравад.
Бино ба гуфтаи Дмитрий Мезентсев чунин воқеа дар таҷрибаи вай бори аввал рух надодааст, ки паланг дучори муқовимати сахт аз тӯъмаи худ шавад. Вале ин дафъа дар байни ҳайвонот баръало чизе рух медиҳад. «Боре чунин ҳодиса ҳам рух дода буд, ки ҳангоми нишон додани муқовимат паланг бузро нахӯрд, вале буз танҳо як шабонарӯз тоқат карду дарранда ӯро бо як зарба ҳалок кард. Вале ин ҷо ҳолат дигар аст. Темур дар ҳама ҷо аз паси Амур мераваду паланг ҳам вайро бо таҳаммул тоқат мекунад. Ҳатто дар ҳолати аз мадди назар дур шудани паланг буз ошуфтахотир шуда, ба ҷустуҷӯи ӯ мешитобад”,-мегӯяд Мезентсев.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






