Парлумони Тоҷикистон ба муҳокимаи тарҳи ниҳоии Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» шурӯъ кард
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи тарҳи ниҳоии Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» оғоз кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ин лоиҳаи қонунро «таърихӣ» ном бурд ва тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист. Ӯ гуфт, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, «аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеч осеб надидааст.»
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар идома гуфт, ки эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ба маънои аз демократия сарфи назар кардани Тоҷикистон нест: «Дар шароити кунунӣ ба ин тасмими мо дӯстону душманон назарҳои мухталиф доранд. Аммо мо бояд дуруст дарк намоем, ки ин қонун на ба хотири шахсият аст. Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд.”








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






