Парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба 5 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

Декабрь 9, 2015 12:56

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо нисбат ба 5 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва 1 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Агроинвестбонк” бинобар сабаби ошкор  гардидани камбудиҳо, аз қабили бо қурби баланд харидорӣ намудани доллари ИМА нисбат ба қурби дар қурбномаи аз ҷониби бонк муайяншуда, надоштани китоби бақайдгирӣ, ба расмият надаровардани ҳисобот ва бешомади хазина санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
    Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба 2 нуқтаи мубодилаи асъор аз ҷониби Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
    Санадҳои дигар нисбат ба чор нуқтаи мубодилаи асъор дар айни замон мавриди баррасӣ қарор доранд.
Хотиррасон мекунем, ки  аз 3 то 5 декабри соли равон аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷишҳои муштарак гузаронида шуданд.

 

Декабрь 9, 2015 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд