Пешвои арзандаи миллат
Душанбе,16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Агар дар охирҳои асри нуздаҳ ва аввалҳои асри бист устод Садриддин Айнӣ бо теғи ҷонбахшои қалам миллати моро аз вартаи ҳалокат раҳонида бошад, ин рисолаташро таърих бори дигар дар симои сиёсатмадори варзидаи олам, меъмори сулҳу ваҳдат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такрор намуд.
Ин навбат Эмомалӣ Раҳмон миллатро бо теғи ҷонбахшои қалам не, бо ақлу заковати инсонӣ, сиёсати хирадмандона ва муҳаббати ватандӯстонаашон дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки дар вартаи ҳалокат қарор дошт, наҷот бахшид.
Ба назди мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтани Эмомалӣ Раҳмон бесилоҳ ва бе сипоҳ қаҳрамонии Рустами достонро дар таърихи башар такрор намудан буд, ки ба ин ҷасорат на танҳо тоҷикон, балки ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои сазовор дод.
Аз ин рӯ, дар расидан ба сулҳу субот ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои беназиру таърихиро анҷом додааст.
Бо суръати кайҳонӣ пешрафту ободии кишвар ва созандагии ватани азизамон Тоҷикистон аз ташаббусу роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, пешрафту созандагии Тоҷикистон аз ҷониби беҳтарин сиёсатмадорони ҷаҳон баҳогузорӣ шуд.
Президенти Федератсияи Русия Валадимир Путин зимни сафар дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон дар ҳолати рушд ва тараққӣ” қарор дорад. Ҳанӯз 3000 сол пеш файласуфи оламшумули ҷаҳон Суқрот таъкид намудааст, ки: “Пешрафту тараққиёти ҳар миллату давлат ба роҳбари аввали он вобастагӣ дорад”. Мо, ҷавонони даврони истиқлолият ин гуфтаи Суқротро дар амал бо чашми сарамон дидем ва шоҳиди он шудем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдориро аз сифр оғоз намуда, моро ба созандагию рӯзҳои нек расонид.
Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои беназири роҳбари хирадманди миллат, аз қабили ҷаҳонӣ намудани иди аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз, ҷашн гирифтани 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам, партавафшон намудани баландтарин парчам дар шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду олӣ баргузор намудани ҷаласаҳои сарони давлатҳо шаҳомати давлатдориамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Месазад Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин муаррифгари давлат ва миллати куҳанбунёдамон арзёбӣ кунем.
Иқдоми олӣ оид ба Пешвои миллат эълон доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таърихӣ ва саривақтӣ буд, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва аз ҷумла, мо, ҷавононро рӯҳбаланду хурсанд намуд.
Мо- ҷавонон ин иқдоми некро ҷонибдорӣ намуда, бо як овоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллат эълон медорем.
Ҳамзамон ин падари меҳрубону мушфиқ, Роҳбари муаззаму хирдманди миллатро, ки яздони пок дар лаҳзаҳои заруриву ҳассоси таърихӣ барои наҷоти миллат ба мо туҳфа намудааст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ин пешвои беназири худро аз чашми ҳасудон бо қиммати ҷон муҳофизат менамоем.
Бо ташаббус, бо хирадмандии хеш,
Мислатон ёвар ҷавононро набуд.
Мо ҷавонон ҳалқаем дар гирдатон ,
То наафтад бар Шумо чашми ҳасуд.
Унвонҷӯи Донишгоҳи
Миллии Тоҷикистон Нурзода Муслиҳиддин








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






