Раҳпаймоии сокини Кӯлоб ҳамчун рамзи ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат

Декабрь 19, 2015 05:54

Кӯлоб. 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо доир намудани роҳпаймоии тантнавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷонибдории хешро нисбати унвон гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» баён доштанд. Аз ҷониби Парлумони кишвар Қонуни мукамал «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»» унвон кардани фарзанди содиқи Ватан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба тавсиб расид, ки руҳияи тамоми шаҳрвандони дохилию бурунмарзиро боз ҳам баланд бардошт.  Баромадҳои пурмуҳтавои ин шахсияти барҷастаи олами сиёсат аз минбарҳои баланд бори дигар шахсияти таърихии нотакрорро бозгӯ месозад. Маврид ба қайд аст, ки ҳадафи аслиии қабули Қонуни мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармарди фарҳангдӯсту раиятпарвар ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати шинохташудаи миллӣ дар арасаи ҷаҳон имрӯз дар оғози марҳилаи нав, хеле муҳим, ҳассос, ва ҳалкунанда қарор дорад. Бори дигар мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ тасдиқи ҳамаҷонибаи хешро дар ҷараёни ҳамоиши тантанавӣ бозгӯ сохтанд.  Шиору навиштаҷотҳои даъватӣ ва баланд бардоштани Парчами миллӣ нишонаи он буд, ки мардуми Кӯлоб бо иродаи қавӣ ва рисолати бузурги Пешвои миллат боварӣ доранд ва ҳамеша пуштибони сиёсати имрӯзаи сарвари давлатанд. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ таҳти шиори «Зиҳӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мавқеи худро бо як руҳияи баланди шикастнопазирӣ маълум карданд. Арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи ин гуна афрод рисолати аслии гузаштагони миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки пешниҳоди ин унвон ба Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии гуфтаҳои болост.

 

Декабрь 19, 2015 05:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо