Ректори ДДХ академики Академияи муҳандисӣ интихоб шуд
Хуҷанд, 18.12. 2015. (АМИТ «Ховар). — Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷамъомади солонаи Академияи муҳандисии кишвар, ки дар самти комёбиҳои илми дақиқ ва рушди истеҳсолоти соҳаҳои гуногуни мамлакат фаъолият мебарад, баргузор гардид, ки дар он Лутфулло Саидмуродов Президенти нави академияи муҳандисии ҶТ интихоб шудааст.
Анвар Мақсудов барои ихтирои 29 усули барномасози компутерӣ дар соҳаи моариф ва дигар истеҳсолоти хоҷагии халқ ба ин унвони баланд соҳиб гардида, инчунин чанд моҳ пеш барои ҷорӣ намудани ислоҳот ва ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии пешрафтаи кишовар табдил ёфтани донишгоҳ ӯ бо медали тиллоӣ «Барои ҷорӣ намудани навгониҳо дар соҳаи маълумоти олӣ»-и Академияи илмҳои табиии Федератсияи Русия қадршиносӣ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши Академияи муҳандисии ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо ин ниҳоди байналхалқӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






