Роғун: ҷалби духтарони бекор ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ

Декабрь 1, 2015 09:08

Роғун, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар шаҳри Роғун 573 фаъолзан дар мансабҳои гуногун  дар мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд, ки аз ин шумора  199 нафараш дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Имрўзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 3 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 11 нафаранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ҳоло 110 донишҷў тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки 50 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 
Дар нўҳмоҳи соли 2015 баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» дар маркази дўзандагии шаҳр 87 нафар занон ва ҷавондухтарони бекор ба курсҳои кўтоҳмудати касбомўзӣ ҷалб  шудаанд. 
Имрўзҳо корҳои хонагӣ аз ҳисоби занон рушд ёфта, сатҳи зиндагии  аҳолӣ хубтар гардида истодааст. Зиёда аз 150 нафар зан ба корҳои либосдўзӣ, нону кулчапазӣ, бофтани ҷӯробу жемперҳо, заргарӣ, муҳракашӣ, гулдӯзии миллӣ ва сӯзанидӯзӣ машғул мебошанд.

Декабрь 1, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд