Роғун: Ҷамъбасти чорабинӣ бахшида ба Соли оила
Роғун, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 23 декабри соли 2015 дар шаҳри Роғун чорабинии ҷамъбастӣ бахшида ба Соли оила баргузор гардид. Дар он раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо, пирони рӯзгордида, ҷавонон ва оилаҳои намунавии шаҳр иштирок намуданд. Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз изҳор кард, ки дар шаҳри Роғун дар ҳошияи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат ғамхорӣ ба оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон минбаъд низ идома ёфта, ба занону модарон ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад.
Инчунин дар чорабинии мазкур оилаҳое, ки зиёда аз 50 сол зиндагии хушбахтона доштанд, ба ҷавонон барои хушбахт гардидану мустаҳкамии оилаҳояшон маслиҳатҳои судбахш доданд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли равон дар шаҳри Роғун 4017 оила зиндагӣ дошта, аз ин 172 оила камбизоат, 121 оила маъюб, 48 оила ҷудошуда буда, 350 ақди никоҳ ва 33 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки омӯзишҳо ва огоҳии наздик бо ҳаёти мардум бобати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ пешгирии дигар омилҳои номатлуб дар оила бо тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллии хонагӣ дар шаҳр нақши босазо гузоштаанд.
Дар чорабинии ҷамъбастӣ бахшида ба соли оила Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оилаҳои намунавиро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






