Русия барои поён додани бӯҳрони муносибатҳояш бо Туркия се шарт гузоштааст
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия 14-уми декабр эълон намудааст, ки Ҳукумати Русия барои раҳоӣ аз бӯҳрони муносибатҳо бо Туркия баъди аз ҷониби Туркия сарозер кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 се шарт гузоштааст.
Карлов дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и Туркия гуфт: Шарти нахуст узрхоҳии ҷониби Ҳукумати Туркия барои сарозер кардани ҳавопаймои низомии Русия аст, ки 24-уми ноябр рух дод.
Сафир афзуд, ки дар ҳолати дуюм- ин пайдо кардани гунаҳкорон ва ба маҳкама кашидани онҳо мебошад.
Шарти охир ин аст, ки Туркия бояд дар ивази зарари овардаи худ бар асари ин фоҷиа ба Русия ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон то ҳол барои ҳодисаи суқути ҳавопаймои низомии Русия узрхоҳӣ накардааст. Ва ин дар ҳолест, ки Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия таъкид кардааст, ки Туркия ҳаргиз бахшиш нахоҳад пурсид, зеро ки ин ҳодиса ба хотири ҳифзи ҳудуди кишвар рух додааст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






