Русия ва Фаронса оид ба мубориза бо ДОИШ табодули маълумот мекунанд

Декабрь 25, 2015 04:13

Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Русия ва Фаронса оид ба мубориза бо ДОИШ дар Сурия табодули маълумоти фавриро ба роҳ мемонанд, иттилоъ медиҳад «РИА Новости». Сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсия Русия бо ҳамтои фаронсавиаш оид ба табодули мутақобилаи маълумоти дастрас ба мувофиқа омад. Ин ҳамкорӣ ба хотири ҳамоҳанг кардани амалиёти мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба роҳ монда мешавад.
«Мо ба мувофиқа омадем, ки ба хотири ҳамоҳангии амалиёт барои зарбаи самараноктар расондан ба нуқтаҳои фармондеҳӣ, техникаи ҳарбӣ, анбор, роҳҳои таъминоти ҷангиён ва дигар инфрасохторҳои ДОИШ дар Сурия табодули маълумоти фавриро ба роҳ монем», — гуфта мешавад дар иттилоияи Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи Сурия табодули назар карданд. Онҳо дурнамои фаъолгардонии ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ муайян карданд. Таъсиси гурӯҳи кории коршиносони ҳарбии ситодҳои генералӣ дар назар аст.

 

 

 

Декабрь 25, 2015 04:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд