Шӯрои амнияти СММ қатънома дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории террористонро қабул кард

Декабрь 18, 2015 12:14

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе якдилона дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва таҳримҳо бар зидди созмони террористии «Давлати исломӣ» қатънома қабул кард. 
Қатънома аз ҷониби Амрико ва Русия дар якҷоягӣ омода шуда, таҳримҳоеро, ки чанд сол боз бар зидди гурӯҳи террористти «Ал-Қоида» амал мекарданд, ба муқобили «Давлати исломӣ» вусъат медиҳанд.
Ин ҳуҷҷат барои бастани маҷрои маблағгузориҳои хориҷие, ки боиси дастрас гардидани дороиҳо, аз ҷумла  даромад аз қочоқи нафт ва фурӯши арзишҳои таърихӣ ба террористони «ДИ» мешаванд,  пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои ВАО, ки қаблан матни қатъномаро дастрас карда буданд, нисбат ба шахс, гурӯҳи шахсон ё ташкилоти ба «Давлати исломӣ» таҳримҳои СММ амалӣ мешаванд. 

Декабрь 18, 2015 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад