«Шаҳбоз ва Гулноз»-Достони муҳаббати самимӣ

Декабрь 5, 2015 05:04

Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Нашриёти «Ирфон» достони тозаэҷоди олим, шоир, нависанда, доктори илмҳои иқтисодӣ Дўстмурод Ўроқовро бо номи «Шаҳбоз ва Гулноз» аз чоп баровард. Достон аз ишқу муҳаббати ду тоҷики кўҳистонӣ, ки новобаста ба ҳолати иҷтимоӣ якдигарро дўст доштаанд, ҳикоят мекунад. Сужаи достон асосҳои воқеӣ дошта, асрҳои тўлонӣ аз забон ба забон то имрўз расидаанд. Дар пешгуфтори китоб таҳти унвони «Достони ишқи фоҷиафарҷом», ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад, аз ҷумла, омадааст:
«Хати сужаи достон иртибот ба ривоятҳои мардумӣ дорад ва саршор аз ҳикмат аст. Ба василаи он таъкид мешавад, ки нашояд монеа дар роҳи ошиқони ҳақиқӣ, ҷуфти содиқу мувофиқ эҷод кардан, зеро ин амал оқибати нохушоянд дорад, фоҷеафарҷом аст. Онҳое, ки ба васли ошиқон мухолифат мекунанд, дар ниҳоят бадному пушаймон ва гузашта аз ин, маҳрум аз зиндагӣ мешаванд».
Достони «Шаҳбоз ва Гулноз» равону самимӣ ва бо забони содаи мардумӣ навишта шудааст».
Поёнтар устод Гулназар чунин зикр мекунад: «Мо қаблан Самимиро чун нависанда ва муаллифи чанд қиссаву роман мешинохтем ва медонистем, ки гоҳ-гоҳ шеър ҳам мегўяд, вале маҳз бо мутолиаи достони «Шаҳбоз ва Гулноз» дарёфтем, ки ў дар назм низ истеъдоду қобилияти шоиста дорад ва қаламашу қадамаш рост аст…»
Муҳаррири китоб нависанда ва рўзноманигори шинохта Абдурауф Муродӣ буда, он бо теъдоди 400 нусха бо расмҳову ороишоти писандида ба нашр расидааст.

Декабрь 5, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд