Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони иншооти таъйиноти гуногун
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо ҷараёни сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, шинос шуд.
Сарвазири мамлакат нахуст аз мавзеи бунёди Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, дар идома бо ҷараёни бунёди бинои истиқоматӣ барои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи биноҳои маъмурию таълимӣ ва хобгоҳҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русия-Тоҷикистон, маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бинои маъмурии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, бунёди бино ва иншооти Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биною иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳу услуби нави меъморӣ ба нақша гирифта шуда, асосан аз биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳҳо ва толорҳои фароғатию варзишӣ иборат хоҳанд буд. Дар бинои истиқоматӣ барои афсарони Вазорати мудофиа, ки аз нўҳ ошёна иборат аст, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, ороиши ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқу обрасонӣ ва гармидиҳӣ бомаром идома дорад. Бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русия-Тоҷикистон ва маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иншооти муҳими соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб рафта, сохтмони онҳо бо мақсади беҳдошти шароити таълиму тарбияи насли ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба илмомўзию варзиш пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи ин иншоот корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша идома дошта, мавриди истифода қарор додани онҳо дар давраи солҳои 2016-2018 дар назар дошта шудааст. Сохтмони ҳамаи ин иншоот бо дастгирию кумаки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, маблағгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишгари асосӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бо натиҷагирӣ аз ҷараёни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Сарвазири мамлакат дар навбати аввал аз роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва масъулини ташкилоту идораҳои сохтмонӣ иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб карда, дар назди онҳо барои тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ, иҷрои босифати корҳо, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани нақшаҳои сохтмонӣ ва таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида вазифаҳои мушаххас гузошт.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






