Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии убури ғайриқонунӣ дар хатти сарҳад

Декабрь 23, 2015 06:15

Душанбе, 23.12.2015. ( АМИТ «Ховар»).- 19 декабр  тақрибан соати 21:10 дар ҳудуди масъулияти яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии отряди  сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ як амали ғайриқонуниро пешгирӣ намуданд. 
Тавре ки аз Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд,  як гурӯҳи қочоқчиёни силоҳбадасти афғон дар вақти убури ғайриқонунии  хатти сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд. 
Қочоқчиён ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон бозгаштанд.
Ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷойдошта дар ҳолати пурзӯр қарор дорад.

Декабрь 23, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд