Қӯшунҳои ҳукуматии Сурия ҳамларо ба Идлиб вусъат бахшиданд
Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). Қувваҳои мусаллаҳи Сурия тайи ҳафтаи охир нуҳ деҳаи музофоти Алеппоро озод намуданд, изҳор дошт сардори Сарраёсати оперативии Ситоди умумии Қувваҳои мусаллаҳи ФР Сергей Рудской.
«Қувваҳои ҳукукуматӣ дар музофоти Алеппо минтақаи амниятиро дар атрофи фурудгоҳи Квайрес васеъ намуда, ҳамларо ба самти ҷанубу ғарбии Идлиб вусъат мебахшанд. Онҳо тайи ҳафтаи охир муқобилати сахти дастаҳои душманро шикаста, нуҳ деҳаро озод намуданд», — гуфт С.Рудской ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи мавсуф, қувваҳои мусаллаҳи Сурия бо дастгирии ҳавопаймоҳои Русия ҳуҷумро дар саросари ҷабҳа идома дода, дар баробари ин дар музофотҳои Латакия, Алеппо, Ҳома, Ҳомс ва канори шаҳри Димишқ муборибаҳои шадид рух доданд.
«Ҷузву томҳои террористон талафоти бузург медиҳанд», — гуфт Рудской. Аз ин пеш дар Ситоди умумӣ хабар доданд, ки артиши Сурия дар Латакия назорати сарҳад бо Туркияро вусъат бахшидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






