Шветсия: Қабули ислом, пардохти боҷ ё қатъи сар

Декабрь 14, 2015 08:22

Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Номаҳои таҳдидомезе аз ҷониби ДОИШ, ки дар он се шартро дар ихтиёри шаҳрвандони Шветсия гузошта аст, Ҳукумати ин кишварро  дар ҳолати ногувор қарор додаанд.
Чунин номаҳо ба даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар расидаанд, ки  дорои 3 шарт мебошанд: якум, қабули дини ислом, дуюм  пардохти ҷизя (хароҷ, андоз) ва 3-юм қатъи сар.
Тибқи гузориши телевизиони расмии Шветсция полис ин таҳдидҳоро ҷиддӣ гирифтааст. Бахусус  нашри ин номаҳо  дар якчанд шаҳр ва дар як вақт боиси нигаронии мақомот гардидааст.
Ба номаҳо ба ҷуз аз қабули ислом ё пардохти ҷизя ва қатъи сар мумкин аст тарконидани манзилҳо низ шомил бошад. Ва ин муҳлат танҳо се рўзро аз рўзи қабули нома дар бар мегирад.
Дар номаҳо  «Полис шуморо аз марг наҷот нахоҳад дод  ва он ҳамаро фаро хоҳад гирифт» навишта шудааст.
Полис рўзи 12-уми декабр эълом намуд, ки чанд  хабар аз ҷониби шаҳрвандон дар шаҳрҳои Ронебба, Сигтуна, Встроес ва Капитал дастрас шудааст, ки бо имзои ДОИШ  ба онҳо расидааст.

Декабрь 14, 2015 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд