Сокини Вена аз Дунай беш аз сад ҳазор евро сайд кард
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар обҳои Дунайи Вена беш аз сад ҳазор евроро сайд карданд, хабар медиҳад сомонаи «The Local».
Полиси Вена иттилоъ гирифт, ки ҷавоне худро ба оби хунук партофта, ба гуфтаи шоҳидон қасди худкушӣ дорад.
Вале, полис ба ҷойи ҳодиса омада, мебинад, ки ин ҷавони эҳтимолан худкушикунанда аз даруни рӯд пулҳои 100 ва 500 евроиро сайд мекунад.
Ба гуфтаи ҷавон ӯ ният дошт, ки пас аз сайд ин пулҳоро ба полис диҳад. Аммо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳоло қарор накардаанд, ки ин пулҳоро онҳо ёфтанд ё шиновар. Полис ҳақиқӣ будани пулҳоро тасдиқ кард.
Мутобиқи қонуни Австрия ҳар нафаре, ки пул меёбаду онро ба полис медиҳад, аз 5 то 10 фоизи онро мегирад. Дар ҳолате, ки дар давоми як сол соҳиби қонунии пул ёфт нашавад, нафари онро ёфта метавонад пулҳоро пурра соҳиб шавад.
То ҳол муайян нашудааст, ки ин пулҳо аз куҷо дар об пайдо шудаанд. Дар бораи маблағҳои ҷиноӣ будани ин пулҳо низ маълумот нест. Бино ба иттилои маркази матбуоти полиси Австрия, дар чанд рӯзи охир хабар дар бораи дуздии маблағҳои калон нарасидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






