Сокинони шаҳри Турсунзода бо чунин Пешвои миллат ифтихори беандоза ва сарфарозиҳо доранд
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Шаҳрвандони шаҳри Турсунзода аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» хушнуд гардида, ин мартабаро барои Сарвари давлат муборакбод мегўянд. Дар муроҷиатномаи сокинони ин шаҳр, аз ҷумла омадааст:
-Мақоми Пешвои миллат барҳақ шоистаи Шумо, муҳтарам Президенти мамлакат мебошад, зеро бо гузашти 24 соли соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Шуморо ҳамчун Сарвари давлати мустақили навини тоҷикон, шахсе, ки таҳти роҳбариаш илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд, шинохтанд.
Давр шаҳодати таърихӣ медиҳад, ки маҳз дар заминаи кўшишҳои пайваста ва фидокориҳоятон давлати мустақили тоҷикон бо ҷилои нав эҳё гардид. Тоҷикон ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадимӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шуданд. Барои қадршиносии корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллати сарбаланд шароити мусоид фароҳам омад. Чунин фазо ба мардум имкони дарки онро дод, ки Сарвару Пешвои худро шиносанд.
Ба қадри чунин роҳбар расидан, Шуморо Пешвои миллат эътироф кардан, ному мартабаи чунин Пешворо гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи Шуморо ҳифз кардану идома доданро мардуми шаҳри Турсунзода ифодаи эҳтиром ба роҳи таърихии талошҳоятон ҳамчун муборизи миллат дониста, имрўз бо чунин Сарвар ва Пешво ифтихори беандоза ва сарфарозиҳо менамоянд.
Мардуми шаҳри Турсунзода итминон доранд, ки таҳти сарварии Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани азизамон боз ҳам шукуфонтар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот бо пешбурди зиндагии саодатмандона пайи корҳои созандаву бунёдкорона мегарданд.
Сарбаландиву мақоми шоиста муборак бод!
Бо эътиқоди беандоза мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






