«Созандагони Ватан» — и н. Бобоҷон Ғафуров: Қонуне, ки садои қалби ҷавонон аст
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров дар мавзӯи “Қонуне, ки садои қалби мардум аст” бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш бандҳои алоҳидаи қонуни мазкурро шарҳ дода, саҳифаҳои таърихии солҳои 90-ум, заҳматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин ширкатдорони ҳамоиш хизматҳои Сарвари давлатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии осудаи мардуми кишвар зикр карда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои воқеии миллати номид. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои густариши ваҳдати миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш ба харҷ дод, барои пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Ҷавонон изҳор карданд, ки мо ҷонибдори қонуни мазкур ва расман Пешвои миллат шинохтани Эмомалӣ Раҳмон мебошем, зеро барои мо ҷавонон- созандагони Ватан доштани чунин Пешвои миллат амри зарурист.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






