«Созандагони Ватан» — и н. Бобоҷон Ғафуров: Қонуне, ки садои қалби ҷавонон аст

Декабрь 14, 2015 06:46

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров дар мавзӯи “Қонуне, ки садои қалби мардум аст” бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. 
Иштирокдорони ҳамоиш бандҳои алоҳидаи қонуни мазкурро шарҳ дода, саҳифаҳои таърихии солҳои 90-ум, заҳматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин ширкатдорони ҳамоиш хизматҳои Сарвари давлатро  дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии осудаи мардуми кишвар зикр карда,  Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои воқеии миллати номид. Аз ҷавонон  даъват ба амал оварда шуд, ки барои густариши ваҳдати миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш ба харҷ дод, барои пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. 
Ҷавонон изҳор карданд, ки мо ҷонибдори қонуни мазкур ва расман Пешвои миллат шинохтани Эмомалӣ Раҳмон мебошем, зеро барои мо ҷавонон- созандагони Ватан  доштани чунин Пешвои миллат амри зарурист.

 

Декабрь 14, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад