Суғд: Тақдими 10 ҳазор сомонӣ мукофот ба ҳунарманде, ки 50 шогирд омода месозад

Декабрь 7, 2015 12:15

         Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар)  -Дар шаҳри Хуҷанд  маросими тантанавии супурдани шаҳодатномаву дастгоҳҳо  ба  бонувони ҳунарманд доир гардид, ки дар он   бофандаҳо аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят  ширкат варзиданд. 
         Дар  соли равон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳии вилоят  102 маркази таълимию истеҳсолӣ ташкил шуда, бо 316 дастгоҳи матоъбофӣ таъмин гардиданд, ки   дар онҳо  139   устоди соҳибҳунар ба  900  шогирд ҳунарҳои аҷдодиро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки дастгоҳҳои бофандагӣ  серсоҳа буда, дар онҳо 12 намуди матоъ бофта мешавад. То имрӯз аз ҷониби бонувони ҳунарманди вилоят 6 ҳазору 77 метр матоъ истеҳсол шудааст, ки наздик ба 2000 метри он ба фурӯш рафтааст. 
Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодирӣ ба бонувоне, ки аллакай дар ҷодаи бофандагӣ таҷрибаи кофӣ пайдо кардаанд, 84 дастгоҳ ва ба 10  хатмкардаи марказҳои таълимию истеҳсолӣ шаҳодатнома супорида, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии иқдоми мазкур- эҳёи ҳунари бостонии бофандагӣ ва соҳибкасб гардонидани занҳои хонашин аст, ки шумораашон дар вилоят ба 230 ҳазор нафар мерасад.
         Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин мужда расонид, ки дар соли 2016 ба ҳунарманде, ки 50 шогирд тайёр мекунад, 10 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад дод ва афзуд, ки  дастгоҳҳои тақдимшуда имкон медиҳанд, ки занҳои маҳаллӣ на танҳо ҳунари атласу адрасбофиро аз худ кунанд, балки ба истеҳсоли матоъҳои дигар низ машғул шаванд. Дар ин радиф ҳар маҳал метавонад мувофиқ ба талаботи сокинон ин ё он намуди ҳунари бофандагиро ривоҷ диҳад.

 

Декабрь 7, 2015 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ