Суди ноҳияи И. Сомонӣ: Пайравони гурӯҳи экстремистӣ ва террористии ДОИШ ҷазо гирифтанд
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бобоҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Корези поён бо моддаҳои 187 кисми 2, 32 қисми 3, 179 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 307 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷабборов Садриддин Сафиевич, соли таваллудаш 1976, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайнаббобод, деҳаи Комсомол, пеш бо ҳукми суди ноҳияи Ленини вилояти Новосибирски Федератсияи Русия суд шудааст, бо моддаҳои 187 қисми 2, 307 қисми 3, 32 қисми 3 ва 401, прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
Суд муайян кард, ки Бобоҷони Раҷабалй бо максади иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Ҷабборов Садриддин Сафиевич моҳи июни соли 2015, тавасути сомонаи иҷтимоии шабакаи интернетии «Одноклассники.ру» ва барномаи мобилии «WhatsApp» саҳифаҳои бо номҳои «Халифат Куляб Таджикистан» ва «Абу Амриддин» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Абдушаҳид Ҳақназарович бо тахаллуси «Абу-Саид», ки дар сомонаи иҷтимоии шабакаи интернетии саҳифаи ба номи “Абу-Саид» кушода буд ва дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар воҳиди гурӯҳи экстремистӣ ва террористии «ДИИШ» дар ҳудуди давлати Сурия иштирок дошт, шинос шуда, бо ақидаҳои охирин оид ба он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати «Тоғутӣ», яъне давлати зидди дини Ислом аст ва бояд ҷиҳод намуда, сохти конститутсионии онро тағйир дода, Давлати исломӣ созанд, ҳамфикру ҳаммаслақ шуд.
Бо ин мақсад Бобоҷонов Р., бо ҳамроҳии дигар ҳаммаслаконашон бо мақсади дар биноҳои ШВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе таркиш ба амал овардан, нияти 100 адад балонҳои гази моеъ доштаро ҷамъоварӣ кардан дошта, тавассути саҳифаҳои интернетии номбаршуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсонӣ ҷалб кардану муттаҳид намудан ва маслиҳати ярокнок намудани гурӯҳҳои ташкил додаашонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намудаанд.
Ҷабборов Садриддин Сафиевич низ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Абдушаҳид Ҳақназарович бо тахаллуси «Абу Саид», ки бар зидди ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Сурия меҷангад, шинос шуда, бо мақсади иштирок намудан дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия нақша таҳрезӣ намуда, барои ба он ҷо рафтан аз номбурда маблағи роҳкиро талаб намуд. Турсунов А.Ҳ., ваъда кард, ки маблағи пулии роҳкироро бо тариқи намояндаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷони Раҷабалӣ ба ӯ мерасонад.
Хушбахтона, зиракиву ҳушёрии кормандони милитсия имкон надод, ки Бобоҷони Р. ва Ҷабборов С.С. бо дигар ҳаммаслаконаш ниятҳои амалҳои ҷинояткоронаи худро то ба охир расонанд, чунки 3 июли соли 2015 аз тарафи онҳо дастгир гардиданд.
Суд ба Бобоҷони Раҷабалӣ мутобиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳонӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти хизмати давлатӣ ба муҳлати 4 сол ва ба Ҷабборов Садриддин Сафиевич мутобиқи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои ниҳонӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти хизмати давлатӣ ба муҳлати 4 сол таъйин кард.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






