Суди ноҳияи Сино: Ба фоидаи ҷабрдида 5000 доллари ИМА рўёнида шавад
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Кенҷаева Шарифамо Абубакировна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Тунис, бинои № 1, ҳуҷраи № 67, бо моддаи 247 қисми 4 банди б КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Суд муайян кард, ки номбурда ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз бовар ба миқдори махсусан калон содир намудааст.
Кенҷаева Ш.А. моҳи августи соли 2012 бо Касирова С., ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Пахтакор, хонаи 1, истиқомат дорад, шинос шуда, мақсади ӯро дар бораи ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи замини наздиҳавлигиаш фаҳмида, ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос дорад ва метавонад ин амалро ба анҷом расонад.
Бо ҳамин мақсад судшаванда аз ҷабрдида Касирова С., моҳи августи соли 2012 маблағи 1500 доллар, моҳи сентябри соли 2012 маблағи 2000 доллар ва моҳи январи соли 2013 дар назди МИМҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маблағи 1500 доллари ИМА, ки дар маҷмӯъ 5000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (23825 сомонӣ 80 дирам), гирифта, ваъда кардааст, ки ба ӯ сертификати истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигиро қонунан ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Вақте ки ҷабрдида Касирова С. ба қаллобии Кенҷаева Ш.А. гумонбар мешавад, аз ӯ баргардонидани маблағҳояшро талаб кардааст. Судшаванда доимо ваъдаҳои дурӯғ дода мегуфтааст, ки маблағҳои гирифтаашро бармегардонад. Аммо Кенҷаева Ш.А. маблағҳои гирифтаашро аз Касирова С. бе бозгашт аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Суд ҳукм кард, ки Кенҷаева Шарифамо Абубакировна бо моддаи 247 қисми 4 банди б КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахкор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол таъин карда шавад.
Суд ҳукм кард, ки дар асоси банди 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи авф аз 29.10.2014 муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба Кенҷаева Шарифамо Абубакировна аз се як ҳисса кам карда шавад ва аз ҳисоби ӯ ба фоидаи ҷабрдида Касирова Сайлӣ Беговна 5000 доллари ИМА рўёнида шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






