Сумангул Тағойзода: Эмомалӣ Раҳмонро нангу номуси ватандорӣ Пешвои миллат кард

Декабрь 14, 2015 08:59

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфт, ки Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки бо ташаббуси як гурўҳ вакилони мардумӣ ва дархости шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, он  зарурат, тақозо ва эҳтиёҷи миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассос ва тақдирсоз масъулиятро ба дӯш гирифта, бо гурўҳҳои силоҳбадаст ва бо мухолифини сиёсӣ гуфтушунидҳои мураккабу душворро оғоз карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз оташи ҷанги хонумонсўз ва миллатро аз парокандагиву  нестшавӣ наҷот дод. Эмомалӣ Раҳмонро нангу номуси ватандорӣ Пешвои миллат кард.  
Дар ҳамоиш дигар кормандони вазорат ҳам аз қонун ҷонибдорӣ  карда,  дар мавриди заҳматҳои Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карданд.

 

Декабрь 14, 2015 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд