Сурия созишномаи бидуни раводидро бо Туркия бекор кард

Декабрь 18, 2015 09:54

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Агентии расмии иттилоотии Сурия «SANA» бо ишора ба изҳороти ВКХ-и ин кишвар иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе Димишқ тасмим гирифт,  созишномаи низоми бидуни раводидро бо Туркия бекор кунад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки қарори мазкур вокуниш ба амали Туркия, ки 9-уми декабр ба тариқи яктарафа созишномаи низоми бидуни раводидро бо Сурия бекор карда буд, мебошад. Дар он таъкид мешавад, ки ин қарори Сурия ба ҳифзи соҳибихтиёрии давлат нигаронида шуда, ба талаботи принсипи баробарҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Минбаъд шаҳрвандони Туркия ба Сурия бе раводид омада наметавонанд. Дар  санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳукумати Туркия масъулияти пурраи оқибатҳои қарори бекор кардани созишномаи мазкурро ба зимма дорад.

 

Декабрь 18, 2015 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад