Таҷҳизоти замонавӣ аз ширкати «Минитюб» ворид гардид
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти самараноки бордоркунии сунъии чорво 10 декабр аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таҷҳизоти муосир барои озмоишгоҳи бордоркунии сунъии Вазорати кишоварзӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, аз ширкати олмонии «Минитюб» ворид ва аз ҷониби мутахассисони худи ин ширкат васл карда шуд.
Дар навбати худ мутахассисони ширкати мазкур, ки дар самти истеҳсоли чунин таҷҳизот дар миқёси байналмилалӣ хеле машҳур мебошанд, ба мутахассисони маҳаллӣ истифодаи таҷҳизоти мазкурро омӯзониданд. Баъзе аз ҷузъҳои таҷҳизоти мазкур дар Тоҷикистон ҷадидтарин ба ҳисоб мераванд, ки барои истеҳсол, яхкунонӣ ва нигоҳдории нутфа барои бордоркунии сунъии чорвои калон истифода мешаванд. Барои сари вақт ба чорводорон расонидани хизмат бобати гирифтани насли солим ва хушзоти чорво дар назар дошта шудааст, ки якчанд сар чорвои хушзот барои истеҳсоли нутфа харидорӣ шавад. Мавриди зикр аст, ки қаблан барои хушзот намудани чорвои аҳолӣ аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон” 40 сар чорвои зотӣ харид ва ба аҳолии ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Восеъ дастрас шудааст. Инчунин бо дастгирии лоиҳа техникаи махсус барои интиқоли азоти моеъ ва нутфаҳо барои гузаронидани бордоркунии сунъии чорво ворид шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






