Таҳлилу баррасии таҷрибаи Владимир Ежуров бо мураббиёни тоҷик
Душанбе, 7.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Шогирди футболи тоҷик Владимир Ежуров, ки солҳои тӯлонӣ дар сохтори бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон фаъолият кардаст, таҷрибаи худро бо мураббиёни бошгоҳҳо ва тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мекунад.
Имрӯз, 5 декабр, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон семинари серӯзаи мураббиёни бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон оғоз шуд. Семинарро тарбиятдидаи футболи тоҷик, ки дар гузаштаи наздик вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи «Енисей»-и кишвари Красноярскро ба уҳда дошт — Владимир Ежуров роҳбарӣ мекунад.
Владимир Ежуров фаъолияти мураббигариро аз бошгоҳи футболи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз кардааст. Мавсуф дар дастаи «Пахтакор» дар давоми шаш сол фаъолият карда, солҳои 1993 ва 1994 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон шуда аст.
Владимир Ежуров дар бошгоҳҳои футболи «Металлург» (Бекобод), «Симурғ» (Ангрен) ва инчунин «Хуҷанд»-и Хуҷанди Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Дар давоми фаъолияти мураббии худ дар Тоҷикистон Владимир Ежуров аъзои ситоди мураббиёни тимҳои мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон низ буд.
Сар аз соли 2003 Владимир Раимович ба сохтори бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон гузашт. Дар бошгоҳ ӯ ба ҳайси мураббӣ-селексионер, ҳамчунин мураббии ҳайати ҷавонони «Рубин» фаъолият кардааст. Владимир Ежуров муддати кӯтоҳ дар бошгоҳҳои футболи «Балтика»-и Калининград ва «Нефтихимик»-и Нижнекамск низ ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.
Соли гузашта Владимир Ежуров мавсими омодагиро сипарӣ намуда, имтиҳонҳои Академияи маҳорати мураббии Иттиҳоди футболи Русияро бомуваффақият супурд ва соҳиби муҷаввизи мураббии PRO шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






