Таъмини хоҷагиҳои Хатлон бо техникаи кишоварзӣ
Қургонтеппа, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Бо мақсади дар муҳлатҳои оптималӣ гузаронидани шудгор ва кишти зироатҳои кишоварзӣ танҳо соли 2015 хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 138 техникаи нав ворид намуд, ки аз он тавассути КВД “Тоҷикагролизинг” 40 ададро ташкил менамояд. Дар се соли охир наздики 1000 адад техникаи гуногун ворид шудааст, ки ин албатта, мушкилоти кишоварзонро осон мегардонад. Ғайр аз ин ба кишоварзони вилоят 15 маркази хизматрасонии техникӣ бо 79 адад техникаи гуногун хизмат расонида истодааст. Илова ба ин тавассути Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” 36 трактор ва 97 таҷҳизоти гуногун, Барномаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” 120 трактор, 547 таҷҳизот ба ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Темурмалик, Ховалинг ва аз тарафи Ширкати “Ҷунтай- Данғара Син Силу” 151 адад, аз он 44 адад трактор ворид гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






