Тавилдара: Ҳадаф-баланд бардоштани нақши зан ва маълумотнок гардонидани духтарон

Декабрь 2, 2015 09:04

Тавилдара, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Тавилдара барои татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо »  бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия  таъмин намудани  имкониятҳои баробарҳуқуқии   мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар  ноҳия хуб ба роҳ мондааст, ки фаъолияти корӣ ва таъмини  баробарҳуқуқии мардон ва занон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия  аз ҳисоби занон  зиёд шуда истодааст.
Дар ноҳия нисбат ба  тарғиби ғояҳои ватандорӣ, ҳувияти миллӣ,  илмомӯзӣ,  эҳтироми либоси миллӣ, арзишҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои  номатлуб, роҳ надодан ба  ҳодисаҳои худкушию  худсӯзии  занону духтарон ва пӯшидани  либоси бегона  мувофиқи нақша суҳбату вохӯриҳо  баргузор  шуда истодаанд.
  Бо мақсади баланд бардоштани  нақши зан, маълумотнок  гардонидани  духтарон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олию коллеҷу  омӯзишгоҳҳо дар ҳудуди ноҳия  корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷараён доранд, ки дар натиҷа 54 духтар аз  тариқи квотаи президентӣ  дар мактабҳои олӣ  ва  31 нафар  дар омӯзишгоҳҳои  тиббӣ  таҳсил доранд.

 

Декабрь 2, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ