Тоҷикистон бори нахуст дар намоишгоҳи AF- L´Artigiano in Fiera дар Милан ширкат намуд

Декабрь 17, 2015 05:09

Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон  бори нахуст  дар  кори  намоишгоҳ — ярмаркаи  ҳарсолаи   байналмилалии маснуоти косибии AF- L´Artigiano in Fiera дар  шаҳри  Милани Италиё  иштирок  намуд. 
Ба  гуфтаи узви Иттифоқи косибони Тоҷикистон, косиби падаркасб Салимахон Каримова, ин  рӯйдод  ба мақоми  санъат  ва  зебоии маснуоти  косибӣ ва  анъанаҳои мардуми  ҷаҳон  бахшида  шудааст. Сафари косибони  вилоятҳои  Хуҷанду Бадахшон  бо  ибтикори  лоиҳаи  созмони UMBRIA EXPORT —  и  Иттиҳоди  Аврупо  ва  роҳбарияти Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон роҳандозӣ  шуд. 
Намоишгоҳ имкон  дод, ки  иштирокдорони он  бо маҳсули 150  нафар  устодони  санъати  косибии  112  кишвари  Аврупо,  Осиёи Марказию Ҷанубӣ,  Африқо,  ИМА,  Шарқи Наздику  Дур  ва Океания  шинос шуданд.
Маҳсулоти  косибони  Тоҷикистон  иборат  аз  гулдӯзӣ,  сӯзанӣ, қолин, куртаи  чакан ва либосҳои  имрӯзаи  миллӣ,  маснуоти  зардӯзӣ ва  ғайра мавриди  таваҷҷӯҳи бинандагон,  зебоисозон  ва  мутахассисони  хориҷӣ  гардиданд. 
Косибони кишварҳои  Осиёи  Марказӣ имконоти  зиёд  доранд, —  гуфт раиси  лоиҳаи ширкати UMBRIA EXPORT — и Иттиҳоди  Аврупо  Энзо Фалоччи. Мавсуф  изҳор  дошт, ки мардуми  Тоҷикистон истеъдоди фавқулодда ва  фарҳанги  ғанӣ  доранд. 
Намоишгоҳи  Милан ба дастраси  бозори  байналмилалии  косибон  шудани маснуоти  косибони  маъруфи тоҷик, бидуни шубҳа, ҳисса  гузошта,  ба рушди  фарҳангҳои  миллӣ  ва  муколамаи аҳли  фарҳанги Осиё  ва  Аврупо  мусоидат  мекунад. 

 

Декабрь 17, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст