Туҳфаи идонаи Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳо
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Чун анъана имсол низ дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ Вазорати маориф ва илм ба тарбиятгирандагони як зумра мактаб-интарнатҳои ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои идона тақдим намуд, ки яке аз он мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор мебошад.
Муовини вазири маориф ва илм Ф.Исмонов бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент К.Солиев ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавиро, ки аз либоси зимистона-куртка ва шириниҳо иборат буданд, аз номи Президенти кишвар тақдим намуд.
Тарбиятгирандагони муассиса, ки беш аз 150 нафарро ташкил медиҳанд, барои иштирокдорони чорабинии идона барномаи фарҳангии хешро ба намоиш гузоштанд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.
Вазорати маориф ва илм ба муносибати Соли нави мелодӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рўшон ба маблағи 14 548 сомонӣ маводи хўрокӣ, ба маблағи 20 000 сомонӣ 200 адад ҷойпўши хоб, ба маблағи 23800 сомонӣ 170 ҷуфт мизу курсӣ, ба маблағи 18750 сомонӣ маводи хониш, ба маблағи 6382 сомонӣ 681 нусха китоби дарсӣ, ба маблағи 24398 сомонӣ китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ ёрӣ расонид.
Инчунин ба хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони кари ноҳияи Рўдакӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони сустбини ноҳияи Рўдакӣ, мактаб-интернати №1 барои кўдакони ятими шаҳри Душанбе, мактаб-интернати №4 барои кўдакони бепарастори шаҳри Душанбе, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятими ноҳияи Шаҳринав, мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор, хонаи кўдакони шаҳри Турсунзода, мактаб-парваришгоҳи шаҳри Ваҳдат (ҷамъ 9 муассиса) ба маблағи маблағи 586 ҳазору 809 сомонӣ ёрӣ расонид








«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд






