Қуръапартоии мусобиқоти Осиё — 2016 оид ба футзал

Декабрь 3, 2015 04:42

Душанбе, 03.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 2  декабр  маросими  қуръапартоии қисми  ниҳоии  мусобиқоти  Осиё оид ба  футзал  баргузор гардид. 
Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон  аз рӯи  тақсимот бо дастаҳои  мунтахаби Қатар, Урдун ва Арабистони  Саудӣ  дар  сабади  чорум  қарор  гирифт. 
Ҳайатҳои   пурраи сабадҳо  чунинанд: 
Сабади 1: Ӯзбекистон, Ҷопон,  Эрон, Таиланд.
Сабади  2: Австралия,  Юнон,  Ветнам,  Ироқ.
Сабади  3: Қирғизистон, Тайбэи Чин, Малайзия, Чин.
Сабади  4: Тоҷикистон, Қатар, Урдун, Арабистони  Саудӣ.
Мусобиқоти  Осиё — 2016 оид ба  футзал аз  10  то  21  феврал  дар  Ӯзбекистон  баргузор  мегардад.  Аз ин  пеш  футзалчиёни  Тоҷикистон  дар  даврҳои  ниҳоии  мусобиқоти  қитъавӣ ҳашт  маротиба — солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва  2014  иштирок   намуда буданд. Ба  бозиҳои чорякниҳоии мусобиқоти  Осиё — 2007  дар  Ҷопон  роҳхат  пайдо  намудани  дастаи  мунтахаби  кишвар комёбии беҳтарини он ба шумор  меравад.

 

Декабрь 3, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш