Қуттиҳои сиёҳ»-и Су-24-ро ба президент нишон доданд
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар). — «Қуттиҳои сиёҳ»-и тайёраи ҷангии Су-24-и Русия, ки аз тарафи тайёраи F-16-и Туркия зада шуда буд, пайдо гардида, ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин нишон дода шуданд. Тавре ки вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу иттилоъ дод, қуттиҳои мазкур аз маҳали сарозер шудани тайёра дар натиҷаи амалиёти махсуси неруҳои артиши Сурия пайдо ва дастрас шуданд.
Президенти Русия Владимир Путин ба вазири мудофиа Шойгу супориш дод, ки «қуттиҳои сиёҳ» дар ҳузури коршиносони байналмилалӣ кушода шуда, мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. «Аммо новобаста ба натиҷаҳои омӯзиши қуттиҳои сабткунандани тайёра, ки самту баландӣ ва суръату маҳали парвози тайёраро сабт мекунанд, муносибати мо ба амали содиркардаи кишвари Туркия тағйир намеёбад, — гуфт В.Путин ва илова кард, ки:
— Мо ба Туркия на танҳо ҳамчун ба кишвари дӯст, балки ҳамчун иттифоқчӣ дар мубориза ба муқобили террор муносибат доштем ва ҳеҷ кас ин зарбаи хоинона аз пуштро мунтазир набуд».
Хотиррасон мекунем, ки 24-уми ноябри соли равон тайёраи F-16-и Туркия ба тайёраи навъи Су-24-и неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ҳамла овард, ки боиси фавти сарнишини он ва сард шудани муносибатҳо миёни Русия ва Туркия гашт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






