Қувваҳои таъйиноти махсуси ИМА дар Ироқ роҳбари ДИ аш — Шишаниро дастгир намуданд

Декабрь 28, 2015 05:34

Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои  таъйиноти  махсуси  Амрико бар  асари  амалиёти  махсус дар   музофоти  Киркуки  Ироқ яке  аз  роҳбарони  гурӯҳи «Давлати  исломӣ» (ДИ) террористи  лақабаш  Абу  Умар аш — Шишаниро  дастгир  намуданд.  Дар  ин  бора рӯзи  якшанбеи   гузашта Агентии  иттилоотии EIN  хабар  дод. 
«Қувваҳои таъйиноти  махсуси  Амрико  дар  баробари  аш — Шишанӣ боз  ду  қумондони  саҳроии ДИ — ро  дастгир  намуда,  дар  ҷараёни  амалиёти  десантӣ  дар   мавзеи  Ар — Риёди музофоти  Киркук  ҳафт   нафар  силоҳбадастонро  нест  намуданд», —  хабар  медиҳад  агентӣ. Мувофиқи  маълумоти агентӣ,  се  нафар  ифротталабонро ба  шаҳри Сулаймонияи  қисми  шимолу  шарқии   кишвар  овардаанд.
Аз ин  пеш васоити  ахбори  омма  дар  бораи ҳалокати аш —  Шишанӣ   борҳо хабар  дода  буданд,  вале баъдан ин хабари онҳо  тасдиқ  нашуд.  Мувофиқи маълумоти расмӣ, қувваҳои таъйиноти  махсуси  ИМА 21  декабр  дар  Ироқ  мустақар  шуда буданд. Тавре  ки   намояндаи  ҳайати  фармондеҳони эътилофи   байналмилалӣ  оид ба муборизаи  зидди  ДИ изҳор  дошт, ҷузву  томҳои  зикршуда «баъди  машварат бо  роҳбарияти  кишвар  амалиёти  махфиро роҳандозӣ  менамоянд». Теъдоди  қувваҳои  зикршуда  100  нафарро ташкил  медиҳад. 
 

Декабрь 28, 2015 05:34

Хабарҳои дигари ин бахш