В.Никитюк : «Роҳи ҳавоии миёни Тоҷикистону Украина бояд барқарор карда шавад»

Декабрь 23, 2015 05:19

Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»). — «Барқарор  намудани  роҳи  ҳавоии  миёни Тоҷикистону  Украина  рушди  устувортари ҳамкории дуҷонибаро таъмин  месозад», —  гуфт  дар  нишасти  матбуотӣ сафири  Украина  дар  Тоҷикистон  Виктор  Никитюк. 
«Украина  борҳо  изҳор  дошта буд, ки ҷонибдори  оғози барқарорсозии  парвози  ҳавопаймоҳо  дар  хатсайри Киеву  Душанбе  мебошад. Баъди моҳи  феврали  соли 2013 қатъ  гардидани парвози  ҳавопаймоҳо  дар хатсайри байни Тоҷикистону  Украина мақомоти  хатсайрҳои  байналмилалии  Украина  дар  бораи  барқарорсозии  хатсайри байни  Киеву  Душанбе   гуфтушунид  доранд. Мо,  дар  баробари  ин,  омодаем, ки ҳам парвози  мустақилона ва  ҳам  парвози дуҷонибаи ҳавопаймоҳоро барқарор  созем», — афзуд  дипломати  Украина.
«Мо  дар  ҳоли  ҳозир интизори ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ва  интизори барои  гуфтушунид ба  шаҳри  Киев  фиристодани ҳайат  мебошем. Ин басо  муҳим  аст. Ҷониби  Украина бехатарии парвози ҳавопаймоҳо  ва  мусофиронро   дар ҳудуди  худ  кафолат  медиҳад. Кишварҳо   муносибатҳои иқтисодиро  дар  бахшҳои  мухталиф,  аз ҷумла  дар  бахшҳои маориф, сайёҳӣ ва  ғайра  рушду густариш  медиҳанд. Барои  ин  барқарорсозии  роҳи  ҳавоӣ  муҳим  аст», —   гуфт  дар  хотима  В.Никитюк.

 

Декабрь 23, 2015 05:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд