Ваҳдатсаро

Декабрь 16, 2015 06:59

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Дар масири таъриху тамаддуни ҳар халқу миллат фарзандони фарзонае меистанд, ки бо фидокорию худсўзиҳо роҳи пешрафт ва шукуфоии миллатро меафрўзанд. Эшон аз сўхтану гудохтан боке надоранд, омода ҳастанд, ки ҳастии худро фидои миллаташон кунанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳамсони ситорагон медурахшанду ба дилҳо сурур меоранд. Барҳақ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон аз симоҳоест, ки тавонист бо фазлу дониш, рафтору кирдор ва корнамоиҳои худ хидматеро анҷом диҳад, ки то ин вақт касе анҷом надодааст. Ҳанўз воқеаҳои хунини солҳои 90-ум аз ёдҳо нарафтаанд. Ба гумонам, агар пешвои диловару кордоне, чун Эмомалӣ  Раҳмон намешуд, шояд ин миллати парешонгашта то имрўз сарҷамъ намегардид.
    Пас чаро мо ўро Пешвои миллат наномем? Чаро мо ҷонфидоиҳои ўро қадршиносӣ   накунем?  Мо бо меҳри баланду қадршиносӣ  мегўем:
Шумо эй сарвари арзандаи халқ.
Умеди ҳозиру ояндаи халқ.
Шумо меъмори сулҳи тоҷиконед.
Шумо худ бар сари мо соябонед.
Шумо сарчашмадори рўзи Ваҳдат,
Шумо тобанда чун хуршеди раҳмат.
Барои миллати худ меҳрубонед,
Ба ҳар дармондае ёрирасонед.
Шукуфон кишвари мо аз Шумо шуд.
Замини тоҷикон кони сахо шуд.
Пайи ободии маъвои халқед.
Шарики шодиву ғамҳои халқед.
Шумо Исмоили сонии моед.
Илоҳо бар ҳазору сад дароед.
Чу Сайҳуну Зарафшон умр бинед,
Аз ин бустон гули мақсуд чинед. 
                            Худоёрова Н.М.

 

Декабрь 16, 2015 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ