ВАО ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ба вазъи имрӯза рангубори моҳирона медиҳанд

Декабрь 4, 2015 10:02

Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Тайи ду ҳафтаи охир дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои иттилоотӣ ва радиоҳои дохилию хориҷӣ оид ба вазъи бозори дохилии асъори нақд ва  тағйирёбии қурби пули миллӣ садоҳои зиёд ба нашр расиданд, ки дар бештари мавридҳо матолиби пешниҳодкардаи онҳо ба воқеияти феълӣ ва дарки омилҳои ин дигаргуниҳо ҷавобгӯ нестанд. Бале пӯшида нест ва шумо шоҳид ҳастед, ки дар чанд рӯзи гузашта вазъи бозори дохилии асъор ноустувор гашта, қурби доллари нақдии ИМА нисбат ба сомонӣ якбора баланд шуд”,-гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. 
Бино ба гуфтаи муовини раиси Бонки миллӣ бо вуҷуди он ки тағйирёбии қурби доллари нақди ИМА тайи соли гузашта ва соли равон барои тамоми кишварҳои ИДМ ва мамолики дигари дунё ҳамчун ҳолати муқаррарӣ мебошад, дар ҷумҳурии мо аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ин вазъ бо воҳимаю таҳлуқа, рангубори моҳиронаю хулосабарориҳои беасос ва бе овардани далелу рақамҳои бовариноку воқеӣ пешниҳод мешавад.
“Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти худ тавассути сомонаи интернетии бонк ва дигар расонаҳо, ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъору қурби пули миллӣ, нақшаю чорабиниҳои андешидашаванда ва амалишуда, маълумоти пурра пешниҳод менамояд”,-илова намуд Ҷ. Нуралиев.

Декабрь 4, 2015 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ