ВКД: Ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо

Декабрь 5, 2015 05:39

Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 декабр ронандаи мошини тамғаи “Шанси”, сокини 40 солаи ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Чашмасор ба тарафи ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  писарчаи 2 солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷа писарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  
3 декабр ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 26- солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Шерозӣ аз тарафи кӯчаи Айнӣ ба тарафи кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт, дар рӯ ба рӯи корхонаи “Насоҷии тоҷик” қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард,  сокини 38- солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан  дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

 

 

Декабрь 5, 2015 05:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд