ВКД: Садамаҳои марговар дар вилояти Хатлон
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) -9 декабри солир равон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” сокини 42-солаи ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз шаҳраки Ёвон ба ҷониби ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Даҳана аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, сокини 26-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофираш сокини 53-солаи ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” ва мусофири мошини “Опел-Вектра”, сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудаанд.
Рӯзи 10 декабри соли равон ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 31-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Арча ба сӯйи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ, дар гардиши роҳи самти ноҳияи Ҳамадонӣ қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, сокини 30-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини “Опел-Астра” сокини 29-солаи ноҳияи Фархор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






