ВКХ Чин : «Су — 24 сарозеркардаи Туркия талафоти маъракаи зиддитеррористии ҷаҳонист»
Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймои бомбаандози Су — 24М Қувваҳои ҳавоии кайҳонии ФР, ки онро Туркия дар Сурия сарозер намуд, талафоти маъракаи зиддитеррористии ҷаҳонист. Намояндаи расмии ВКХ Чин Хун Лэй рӯзи сешанбе дар ин бора изҳорот дод.
«Сарнагун сохтани ҳавопаймои ҷангии Русия талафоти маъракаи байналмилалии зидди терроризм аст. Мо умедворем, ки ҳамаи ҷонибҳои дахлдор метавонанд ҳамкориро вусъат дода, барои минбаъд роҳ надодан ба чунин фоҷеа тадбирҳои қатъӣ андешанд», — гуфт дипломат.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҳавопаймои ҷангии Русия дар Сурия бо иҷозати ҳукумати Сурия дар фазои он парвоз мекард. «Ҳавопаймо ҳангоми иҷрои вазифа барои нест кардани ҳадафҳои террористӣ дар Сурия сарнагун сохта шуд», — изҳор дошт намояндаи расмии ВКХ Чин. «Шӯрои амнияти СММ қатънома қабул намуд, ки ба ҳамаи кишварҳои аъзо барои дидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати мубориза бо қувваҳои террористӣ, аз ҷумла бо «Давлати исломӣ» ваколат медиҳад», — хотирнишон сохт Хун Лэй.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






