Вохӯрӣ дар АНМН бо коршиноси Ҷамъияти Кушода (OSF)

Декабрь 8, 2015 12:05

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)- 8 декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам  Назарзода бо коршиноси Барномаи глобалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати маводи нашъаовари  Ҷамъияти Кушода (OSF) Диего Гарсиа Девис баргузор гардид. 
 Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо ташкилоте, ки дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар мисоли таҷрибаи кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ фаъолият мебаранд ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд. 
Директори агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон шинос намуда, оид ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ сухан гуфт.  
Роҳбари агентӣ пешниҳод намуд, ки иқтидори Ҷамъияти Кушода дар ташкили омӯзиш оид ба масъалаҳои муқовимат ба расмигардонии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд ва гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни ҷавонон бо усулҳои навтарин истифода шавад.  

 

Декабрь 8, 2015 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд