Вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Вена баргузор гардид

Декабрь 15, 2015 11:10

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-14 декабр дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Аз номи Тоҷикистон дар вохӯрӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода иштирок намуд. Роҳбари агентӣ даъват намуд, ки ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ  шавад, ки он барои баррасӣ дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ворид шуда буд. 
Инчунин пешниҳод гардид, ки вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии минтақа барои муҳокима намудани масъалаҳо ва коркарди заминаи ягона барои дида баромадан дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар гузаронида шавад. 
Дар чорчӯбаи чорабинӣ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар  ва ҷинояткорӣ, муовини Котиби генералии СММ Ю. Федотов баргузор гардид.   
Дар вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд. 
Инчунин вохӯрии Р. Назарзода бо як гурӯҳ роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. 
15 декабр дар шаҳри Вена ҷаласаи 12-уми гурӯҳи машваратӣ дар сатҳи сиёсӣ дар чорчӯбаи Ташаббуси Пакти Париж  баргузор гардид, ки дар кори он директори агентӣ сухан гуфт. 

 

Декабрь 15, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ