Вуруди техникаи муосир ба соҳаи кишоварзӣ

Декабрь 3, 2015 03:40

Кӯлоб, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба ноҳияҳои кишоварзии мамлакат аз тариқи барномаҳои давлатӣ ва агролизинг техникаҳои нав дастрас  мешаванд, ки кори хоҷагидоронро осон мегардонанд. Дар баробари ин мутахассисони соҳа хоҷагидоронро бо тарзи истифодаи техника ва қоидаҳои агротехникии кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ шинос мекунанд. Дар ноҳияи Кӯлоб мутахассисони соҳа ба кишоварзон тарзи интихоби тухмӣ, шинонидан ва парвариши картошкаи ба шароити иқлими минтақа мувофиқро омӯзониданд. 
Чанде пеш КВД дар шаҳри Кӯлоб «Тоҷикагролизинг» техникаҳои нави кишоварзӣ, аз ҷумла техникаҳои хурд барои хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқониро, ки хароҷоташон хеле кам ва нархашон арзон буда, истифодаашон оддию сода аст, ба намоиш гузошт. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ аз техникаҳои муосир хариданд ва ният доранд дар корҳои агротехникӣ ва майдони боғҳо аз онҳо истифода баранд. Ба гуфти деҳқонон ҳар як техникаю таҷҳизот чанд амалро иҷро мекунад, дар сурате ки кишоварз аз он дуруст истифода бурда тавонад. 

 

Декабрь 3, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд